«ТОҶИККИНО» КОРХОНАҲОИ ФАРЪИИ ДАВЛАТӢ ТАЪСИС МЕДИҲАД
Душанбе, 23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Натиҷаҳои омӯзиши ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани розигӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаҳои фаръии давлатӣ» дар маҷлиси назоратӣ, ки 23 сентябр дар ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова доир гардид, баррасӣ шуд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Алиҷон Шоназаров гуфт, ки тибқи қарори мазкур бояд дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар заминаи собиқ кинотеатрҳо корхонаҳои фаръии давлатӣ ташкил карда шаванд. Алҳол дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон танҳо 14 корхонаҳои фаръии давлатӣ барои намоиш додани кино ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ таъсис дода шудааст, ки он талаботи Қарори Ҳукумати ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонад. Корхонаҳои мазкур ба таври худмаблағгузорӣ фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои муосири техникӣ ва видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Ҳадаф аз таъсиси чунин корхонаҳои давлатии фаръӣ баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар маҳалҳост. Зикр шуд, тӯли солҳои охир бо сабабҳои объективӣ бархе аз кинотеатрҳо ва марказҳои фарҳангӣ фурӯхта шудааст. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки нисбати ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар маҷлиси назоратӣ ҳамчунин ҷараёни фаъолияти радиоҳои маҳаллӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Роҷеъ ба роҳ мондани фаъолияти шабакаҳои радиоҳои маҳаллӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти техникӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ба роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар маҷлис иштирок доштанд супоришҳои қатъӣ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






