УНВОНИ ФАХРӢ БА ТАЛБАК НАЗАРОВ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо қарори Шӯрои илмии Донишкадаи молиявии ҷумҳурӣ ба Талбак Назаров унвони «Профессори ифтихорӣ» — и донишкадаи мазкур дода шуд. 31 август дар вазорати молияи ҷумҳурӣ мулоқоти Т.Назаров бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молиявӣ баргузор гардид. Дар мулоқот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, доктори илми иқтисод, профессор, академик Талбак Назаров, ректори Донишкадаи молиявии ҷумҳурӣ Каримҷон Ҳусейнов, ҳайати омӯзгорон, олимон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Т.Назаров ба роҳбарияти донишкада барои қадрдонии хизматҳояш изҳори сипос намуда, ба донишҷӯён таҳсили аъло ва барори кор орзу намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Талбак Назаров узви раёсати Академияи илмҳо, раиси Бунёди ҷумҳуриявии хайрияи Тоҷикистон буда, 12 сол ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат роҳбарӣ кардааст. Мавсуф дар замони ҳокимияти Шӯравӣ дар вазифаҳои декани факулта, ректори донишгоҳ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии барномасозӣ кор карда, вакили Шӯрои олии ИҶШС интихоб шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






