ВАЗЪИ ҲАВО ДАР РӮЗИ ИД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 9 сентябр, дар рӯзи таҷлили иди истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳавои мамлакат бебориш ва офтобӣ хоҳад шуд. Сардори Маркази ҳавосанҷии Муассисаи давлатии ҳавосанҷии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева зикр намуд, ки танҳо дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар вилояти Суғд шамол бо суръати аз 15 то 18 метр дар як сония мевазад. Ҳавои пойтахт 9 сентябр абролуди тағйирёбанда ва бебориш хоҳад шуд. Ҳарорати ҳаво шабона аз 8 то 10 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 26 дараҷа гарм мешавад, гуфт Ҷ.Байдуллоева. Вай афзуд, ки баъди нисбатан хунук шудани ҳаво аз 10 сентябр сар карда, гарм шудани ҳарорати ҳаво дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ карда мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






