ВАЗИР КОРМАНДОНИ БЕҲТАРИНАШРО БО НИШОНИ ФАХРӢ ҚАДРДОНӢ КАРД
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар вазорати молияи ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни 18- умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор шуд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев ҳозиринро бо ҷашни Истиқлолият табрик намуда, зикр кард, ки дар даврони Истиқлолият равобити дӯстона ва ҳамкориҳои сиёсиву дипломатӣ, илмиву фарҳангӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ бо аксарияти давлатҳои Шарқу Ғарб ба роҳ монда шуда, ҷумҳурии сохибистиқлоламон узви аксари созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ гардид. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ризоияту якдигарфаҳмӣ буд, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таи солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ бо дастовардҳои назаррас ноил гардид ва сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва адолатпарвар қадамҳои устувор ниҳод. Бояд гуфт, ки аз соли 2000-ум то имрӯз дар мамлакатамон бо сарфи зиёда аз 3 миллиарду 200 миллион сомонӣ 1480 км роҳҳо таъмиру таҷдид ё роҳҳои нав сохта ба истифода дода шуданд ва азнавсозии 400 км роҳ ва сохтмони пулу нақбҳои оғозкардашуда пурра анҷом ёфтанд. То ҷашни 20 – солагии Истиқлолияти давлатӣ кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан бароварда хоҳад шуд. Рушди соҳаҳои энергетика, коммуникатсия ва инфраструктура имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Дар ин раванд сохтмони як силсила нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла Сангтуда – 1 ва Сантуда-2 идома ёфта, сохтмони НОБ – Роғун ва дигар иншооти энергетикӣ оғоз меёбад, роҳҳои нави байналмилалии мошингард, роҳи оҳан ва хатсайрҳои нави нақлиёти ҳавоӣ кушода мешавад. Дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад. Дар фарҷоми ҷамъомад вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов тамоми коргарони вазоратро ба фарорасии ин ҷашн муборакбод намуда, кормандони беҳтаринро бо нишони фахрии «Аълочии молияи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






