ВАЗОРАТ БА СИМПОУЗИМИ ОМАДА АСТ

Сентябрь 24, 2009 15:45

                   Душанбе, 24 сентября. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирўз, 23 сентябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат баргузор гашт, ки дар кори он се масъалаи муҳим баррасӣ гардид.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар ҷаласаи ҳайати мушовара қайд гардид, ки ҷараёни тайёрӣ оид ба гузаронидани Симпозиуми байналхалқӣ ба ифтихори 1310-солагии Имоми Аъзам, ки 5-6 октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад ва зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз 50 мамлакати дунё дар он иштирок хоҳанд кард, хуб ба роҳ монда шудаааст.                     Аз ҷумла дар маҷлиси навбатӣ нахуст гузориши сармутахассиси шўъбаи танзими техники вазорат Раҷабов А. вобаста ба андешидани тадбирҳо оид ба иҷрои талаботи зиддисўхтор дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, шунида шуд.                    Бояд гуфт, ки дар кори ҳайати мушовара ҳамчунин сардори Сарраёсати давлатии оташнишонии ВКД – полковник Каримов М. иштирок дошт, ки доир ба масъалаи зикргардида гузориш до ва дар баромади худ, таъкид намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта то оғози мавсими зимистон бояд бартараф карда шаванд.                   Дар анҷоми ҷаласа Вазири фарҳанг ба сохторҳои зертобеи вазорат супориш дод, ки камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ҳарчи зудтар ислоҳ гардад. Ҳамчунин, вобаста ба масъалаи сеюм таъкид шуд, ки маъракаи мазкур бояд дар сатҳи баланди байналхалқӣ гузаронида шавад. 

Сентябрь 24, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд