ЁДБУДИ НАХУСТИН ВАЗИРИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Моҳи сентябр дар мамлакат рӯзи таваллуди нахустин вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон Аббос Алиев ҷашн гирифта мешавад. Аббос Алиев 110 сол пеш дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Ӯ бо қарори Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 14 декабри 1924 вазири Комиссариати маорифи халқи ҷумҳурӣ таъин гардид. Мавсуф яке аз ташкилкунандагони соҳаи маорифи халқ дар Тоҷикистон, доктори илми таърих ва профессор мебошад. Ӯ ҳамчун вазири маорифи халқи мамлакат дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода сохтани мутахассисони соҳа хизматҳои бузург кардааст. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ гузаронида мешавад. Дар он намояндагони вазорати маориф, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, хешу таборони А.Алиев ва намояндагони аҳли ҷамъияти пойтахт ширкат меварзанд. Раиси Академияи маорифи ҷумҳурӣ Ирина Каримова хабар дод, ки ташаббускори таҷлили зодрӯзи нахустин вазири маорифи халқи Тоҷикистон академияи маориф мебошад. Кормандони академия барои ҷамъ овардани маводи зарурӣ дар бораи А.Алиев дар бойгониҳо, Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ кор карда, бо аҳли оила ва хешу таборони вазири нахустини маорифи ҷумҳурӣ мулоқотҳо анҷом доданд. Дар натиҷа ҳуҷҷатҳо, мактубҳо ва аксҳои соҳибҷашн ҷамъ оварда шуданд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






