ЗИЛЗИЛАИ ШАДИД ДАР ГУРҶИСТОН

Сентябрь 8, 2009 09:29

                Тифлис, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Гурҷистон хабар дод, ки шаби сешанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ замин сахт ҷунбид ва қувваи он мувофиқи ҷадвали Рихтер тақрибан 8 балл буд.                 Пажӯхишгоҳи таҳқиқоти замини ИМА қабл аз ин хабар дод, ки қувваи зилзилаи дар қаламрави Гурҷистон баамаломада 6,2 баллро ташкил медиҳад. Маркази зилзила дар самти шимолу шарқии шаҳри Кутаиси, 156 километр дур аз Тифлис воқеъ буд.                 Зилзилаи нисбатан шадид дар ноҳияи Они минтақаи Рача — Лечхуми Гурҷистон ҳис карда шуд. Алҳол дар бораи зарари зилзила ва қурбониёни он ягон хабар нарасидааст.                 Дар шаҳри Схинвали баробари зилзила чароғҳои барқ хомӯш гардиданд. Одамон ба тарсу ҳарос афтода, хонаҳояшонро тарк карданд. Вале таъминоти қувваи барқ баъди чанд соат барқарор гардид. 

Сентябрь 8, 2009 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа