10 СОЛАИ ЛОИҲАИ ЗДРАВПЛЮСИ USAID ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 2 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маросими ҷамъбаст шудани лоиҳаи ЗдравПлюс USAID бо иштироки сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс, Вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди Байналмилалӣ (USAID) ва кормандони тиб баргузор гардид. «Дар 10 соли охир лоиҳаи ЗдравПлюси USAID ҳамкории хеле самараноки байни Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои кӯмакрасонро барпо намуд. Тариқи ҳамкорӣ онҳо ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустиро якҷоя татбиқ намуданд, ба пурқувват намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), беҳтар намудани саломатии модарон ва кӯдакон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа оид ба масъалаҳои солимӣ мусоидат намуданд. Чунин самтҳои фаъолият яке аз афзалиятҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, Стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ, Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва Стратегияи соҳаи тандурустӣ то соли 2010, ки лоиҳаи он айни ҳол таҳия шуда истодааст, мебошанд», — қайд намуд дар баромади худ сафир Кеннет Гросс. Лоиҳаи ЗдравПлюси USAID дар татбиқи тибби оилавӣ ба Вазорати тандурустӣ кӯмаки худро расонидааст. Тибби оилавӣ барои барвақт муайян намудани бемориҳо ва паст намудани сатҳи бистарикунонӣ мусоидат менамояд. Инчунин, тибби оилавӣ захираҳои соҳаи тандурустиро сарфа намуда, арзиши хизматрасониҳои тиббиро барои оилаҳо паст менамояд. Паст шудани арзиши хизматрасониҳои тиббӣ ба беҳтар намудани дастрасии ёрии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд. Билохир, тибби оилавӣ барои баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ бо роҳи дигаргун намудани тарзи ҳаёти худ кӯмак мерасонад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои кӯмакрасон ва Вазорати тандурустӣ, лоиҳаи ЗдравПлюси USAID системаи нави маблағузориро таҳия намуд, ки дар он клиникаҳо ва беморхонаҳо аз рӯи шумораи ҳодисаҳои табобатшуда маблағузорӣ мешаванд. Илоҳоти маблағгyзории тандурустӣ инчунин Барномаи кафолатҳои давлатӣ нисбати таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009-ро дар бар мегирад, ки бо дастгирии Бонки умумҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Лоиҳаи Сино, ки аз тарафи офиси Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ маблағгyзорӣ мешавад, татбиқ шуда истодааст. Лоиҳаи ЗдравПлюс яке аз лоиҳаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мебошад, ки бо дастгирии аҳолии ИМА имконпазир шуд. Аз соли 1993 ба воситаи лоиҳаҳои худ USAID барои рушди иқтисодиёт, институтҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари Амрико ҷудо намудааст.