ҒАЛАБАИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАСИ ТОҶИК
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дастаи футболбозони навраси Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Катмандуи Непал дастаи футболбозони Баҳрайнро бо ҳисоби 2:0 ва дастаи футболбозони Непалро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда, ба қувваозмоии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Тӯбро ба дарвозаи ҳариф футболбозони навраси тоҷик Толибҷон Султонов, Иброҳими Муҳтоҷзода, Комрон Раҷабализода ва Дилшод Расулов заданд. Натиҷаи мусобиқа чунин аст: Эрону Тоҷикистон дар ҷои аввал, Баҳрайн дар ҷои 3-юм, Лубнон ҷои 4-умро ишғол карданд. Ҳамин тариқ дастаи футболбозони тоҷик баъди 4 соли гирифтани ҷоизаи биринҷӣ дар мусобиқаи Сингапур, ки соли 2006 баргузор гардида буд бори дигар ба мусобиқаи Осиё роҳхат гирифтанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






