ҚУВВАОЗМОИИ ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БО ФУТБОЛБОЗОНИ ЛУБНОН

Октябрь 9, 2009 11:31

                   Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Имрӯз, 9 октябр, дар мусобиқоти Осиё дастаи футболбозони навраси Тоҷикистон бо дастаи футболбозони Лубнон қувваозмоӣ мекунанд.                    Ёдовар мешавем, ки дастаи футболбозони навраси тоҷик дар даври аввал дастаи футболбозони Баҳрайнро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд. Дар даври дуюм бо футболбозони эронӣ қувваозмоӣ карда ҳисобро 0:0 анҷом доданд. Баъди ду даври мусобиқа футболбозони навраси тоҷик бо 4 хол ҷои аввалро ишғол мекунанд.                Худи ҳамин рӯз дастаи футболбозони навраси Эрон бо соҳибони майдон непалиҳо қувва меозмоянд.                  Хотирасон мешавем, ки мусобиқаи наврасони Осиё дар Катманду (Непал) аз 5 то 15 октябр давом медиҳад.

Октябрь 9, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст