ҲОМИД КАРЗАЙ БА ИНТИХОБОТИ ТАКРОРӢ РОЗӢ АСТ
Кобул, 21 октябр. (АМИТ «Ховар» — afghanistan.ru). – Мувофиқи хабари агентии иттилооти «Бохтар» Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо котиби генералии СММ Пан Ги Мун таъкид кард, ки роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистон тамоми қонунҳои ҷорӣ ва талаботи Конститутсияи мамлакатро риоя мекунад. Қабл аз ин низ котиби давлатии ИМА Хиллари Клинтон вобаста ба авзои баъд аз интихоботӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд. Аз натиҷаи сӯҳбати телефонӣ Хиллари Клинтон изҳор кард, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби роҳбарияти Афғонистон қарори дахлдор ва мутобиқ бо талаботи Сарқонуни ҷумҳурӣ қабул мешавад. Дар тақвияти суханони Хиллари Клинтон Воҳид Умар котиби матбуотии ситоди Ҳомид Карзай илова кард, ки: «Мо қарори расмии комиссияи мустақили интихоботиро интизорем. Агар комиссия ногузирии гузаронидани даври дуюми интихоботи президентиро зарур шуморад, Ҳомид Карзай чунин қарори комиссияро дастгирӣ хоҳад кард». Бояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо низ аз Ҳомид Карзай барои гузаронидани даври дуюми интихоботи президентӣ даъват ба амал оварда буд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






