ҶАРРОҲӢ БАР ИВАЗИ ПОРА

Октябрь 15, 2009 10:42

                 Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд шаҳрванд «Ё» ба Агентӣ муроҷиат намуд, ки духтури ҷарроҳи кӯдаконаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодов Холбозор Кокулович аз вазифаи хизматиаш сӯистифода бурда, барои ҷарроҳии фарзанди шаҳрванд «Ё» аз ӯ ба маблағи 300 доллари ИМА пора талаб намудааст. 14 августи соли 2009 Пӯлодов Х.К. баъди гирифтани маблағи 100 доллари ИМА аз тарафи кормандони Сарраёсати Агентӣ дастгир карда шуд.                   Нисбати Пӯлодов Х.К аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ, барои моҳиятан баррасӣ намудан парванда ба суд фиристонида шудааст.                   Ҳамчунин шаҳрванд «Ҷ» ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат кард, ки директори мактаб — литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муҳиддинов Қутбиддин Фазлидинович, барои қабул намудани ҷияни шаҳрванд «Ҷ» ба синфи 5 — и мактаб-литсейи мазкур аз ӯ маблағи 1500 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2009 Муҳиддинов Қ.Ф. дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1300 сомонӣ дастгир карда шуд.                Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбат ба Муҳиддинов Қ.Ф парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қ.3 ва 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шудааст.

Октябрь 15, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид