ҶАВОБГАРОНИ САДАМАИ САЯНО – ШУШЕНСК

Октябрь 14, 2009 11:50

                Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҷониби 26 нафар мутахассисони идораҳои тобеи «Ростехнадзор» дар 142 саҳифа натиҷаи санҷиши садамаи нерӯгоҳи Саяно – Шушенскро «Газета Ру» интишор намуд. Ҷавобгарии асосӣ ба зиммаи собиқ роҳбари РАО «ЕЭС Россия» Анатолии Чубайс ва дигар роҳбарони собиқи энергетикаи Русия гузошта шудааст.                  Аз рӯи маълумоти «Ростехнадзор», агрегати охирини ин нерӯгоҳ, ки соли 1985 ба истифода дода шудааст, танҳо соли 2000 –ум бе санҷиши коршиносон, роҳбари онвақтаи РАО «ЕЭС Россия» Анатолии Чубайс ба ҳуҷҷатҳои расмӣ оид ба қабули агрегат имзо гузошта, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.                   Дар рӯйхати ҷавобгарони фоҷеаи садамаи нерӯгоҳи мазкур 6 нафар мансабдорон, аз ҷумла, директори техникии РАО «ЕЭС Россия» Борис Вайнзихер, собиқ сармуҳандиси нерӯгоҳи мазкур Валентин Стафисвекий, аъзо корреспонденти АИР Анатолии Дяконов, собиқ вазири энергетика Игор Юсуфов ва муовини ҳозираи вазири энергетика Вячеслав Синюгин ворид карда шудааст.                 — Ин фоҷеа метавонад сабақе дар фаъолияти нерӯгоҳҳои дигар давлатҳои соҳиби нерӯгоҳҳои барқи обибуда, шуда тавонад. Аз ин ҷиҳат, ҳамаи он мансабдороне, ки аз рӯи амалашон метавонанд сабаби рух додани чунин фалокатҳо гарданд, ҳеҷ вақт аз ҷавобгарӣ озод буда наметавонанд, — иброз дошт коршинос Носир Ғанӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». 

Октябрь 14, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд