ҶИНОЯТКОРОН БО 13 КГ ГЕРОИН ДАСТГИР ШУДАНД

Октябрь 16, 2009 11:57

                 Маскав, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). –Кормандони раёсати Хадамоти федералӣ оид ба назорат аз болои гардиши маводи нашъадори Русия дар вилояти Свердловск се шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карданд.                 Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Екатеринбург аз дохили автомашина 13 кг. героин ёфт карда шуд.                 Тавре аз маркази робита бо ҷомеа ва ВАО Хадамоти федералӣ оид ба назорат аз болои гардиши маводи нашъадори ФР иттилоъ доданд, интиқолдиҳандагони маводи мухаддир зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳангоми дастгиршавӣ бо истифода аз яроқи сард ба кормандон мақомоти таъиноти махсус муқобилият нишон доданд. Ҳамчунин яке аз шарикони онҳо худро аз ошёнаи шашуми бинои истиқоматӣ ба поён партофт ва дар натиҷа ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ гирифт.                 Вобаста ба қазия парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 228.1 қисми 1 КҶ Федератсияи Русия кушода шуда, тафтишот идома дорад. 

Октябрь 16, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд