1554 НАФАР КӮДАКОН ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ДИЛ

Октябрь 26, 2009 15:11

                  Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси синаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар шӯъбаи ҷарроҳии дил 141 амалиёт гузаронида шуд, иттилоъ доданд дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ.                   Инчунин, қайд гардид, ки аз 141 амалиёт ба 25 кӯдаки аз 3 то 14 сола ҷарроҳии бартарафкунии нуқсонҳои модарзодии дил ва 20 амалиёт бо истифодабарии гардиши сунъии хун гузаронида шудаанд.                   Барои ба роҳ мондани табобати нуқсонҳои модарзодии дил дар ҷумҳурӣ оид ба талабот ба таҷҳизотҳо ва маводҳои тиббӣ, инчунин тайёр кардани мутахассисони ин cоҳа аз тарафи Вазорат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дархост пешниҳод карда шудааст. То имрӯз дар ҷумҳури 1554 нафар кӯдакон гирифтори бемории нуқсонҳои модарзодии дил мебошанд.                     Ҳамзамон, Вазорат дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ташкилоти байналмилалии «ТИКО»-и давлати Туркия ҳамкорӣ намуда истодааст, қайд намуданд дар нишаст.                    То давраи қабули Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 947 кат дар Марказҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии бемориҳои дил мавҷуд буд. Ҳоло катҳои кардиолоҷӣ дар ҷумҳурӣ ба 1267 адад расидааст.                   Дар айни ҳол корҳо оиди ифтитоҳи Марказҳои байниноҳиявии Панҷакент ва Истаравшан давом доранд. 

Октябрь 26, 2009 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд