30 НАФАР ДУХТУР БА КОР ОМАД
Бадахшон, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар нишасти матбуотӣ, ки дар Раёсати тандурустии вилоят баргузор гардид, садри раёсат Пайкармо Алиёрова ва сардухтурони беморхонаҳову диспансерҳои вилоятӣ иттилоъ доданд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бидуни маблағгузории буҷа боз 10 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби раёсат дохил гардид, ки дар пешбурди соҳаи тандурустӣ ва рафъи мушкилоти ҷойдошта воқеан муҳим аст. Аз 43 иншооти тиббӣ, ки бунёдашон идома дорад, 26 иншоот аллакай мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар се ноҳияи вилоят маркази ВИЧ-Спид ифтитоҳ ёфт. Барои таваллудхонаи вилоятӣ ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ворид гардид. 16 генератор ба беморхонаҳои ноҳиявию минтақавӣ фиристода шуд, ки хеле пуриқтидоранд. 30 нафар хатмкардаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ба беморхонаҳои вилоят ба кор омаданд. Ҳамзамон ҳанӯз духтурон намерасанд. Дар ноҳияи Мурғоб дастгоҳи рентгенӣ вуҷуд надоранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






