7,4 ФОИЗИ АҲОЛИИ ТОҶИКИСТОН НАФАҚАХӮРАНД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). Тибқи ҳисоботи омории Кадастри Иттилоотии Ҷумҳуриявӣ, шумораи умумии нафақахӯрон то 1 – уми июли соли 2009 – ум 549 ҳазору 103 нафар ба ҳисоб гирифта шудааст. Маблағи умумии моҳонаи нафақапулӣ 48 млн. 609 ҳазору 50 сомониро ташкил медиҳад. Нафақахӯрон 7,4 фоизи теъдоди умумии аҳолии кишварро дар бар мегиранд. Нақшаи қисми даромади буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 505 млн. 639,5 ҳазор сомонӣ муқарар гардида буд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ин муддат ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 466 млн.209,5 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 39 млнн. 430 ҳазор сомонӣ камтар аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






