75 ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ БА ТАҲСИЛ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД

Октябрь 20, 2009 15:44

                Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар Донишкада 75 донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсил фаро гирфта шудаанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Хитой мебошанд, зикр намуд дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова.Донишкада бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ-фарҳангии ватанию хориҷӣ, аз қабили Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Бунёди Оғохон, Сорос, Донишгоҳи забоншиносии Маскав, Донишгоҳи педагогии Урумчӣ (Хитой), Донишгоҳи давлатии Астрахан (Русия) робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ барқарор намуда ва бо сафоратхонаҳои муқими ҷумҳурӣ низ ҳамкорӣ дорад.                  Бояд қайд намуд, ки 60 нафар донишҷӯёни Донишкада дар Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва дар Миср таҳсил намуданд ва 2 нафар устодони Донишкада барои таҷрибаомӯзӣ ба давлати Ҷопон ва шаҳри Масква равона карда шуданд.                 Инчунин, айни ҳол устодони мо дар яке аз озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд, ки ғолиби он роҳхатеро барои таҳсил дар магистратураи яке аз таълимгоҳои ИМА ба даст хоҳад овард,- қайд кард М. Ҷабборова. 

Октябрь 20, 2009 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд