АФЗОИШИ ГУРЕЗАГОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 1, 2009 10:16

                  Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Агентии СММ оид ба кори муҳоҷирон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаи кафолати ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандӣ дар ҶТ оид ба низоми ашхоси шаҳрвандинадошта вохӯрии корӣ доир намуданд.                     Бино ба маълумоти сардори раёсати корҳои амнияти СММ дар Тоҷикистон 300 нафар шаҳрвандони хориҷӣ табааи шаҳрвандӣ надошта расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин 2 ҳазор нафар ашхоси табааи шаҳрвандинадошта, ки дар ҳеҷ куҷо расман ба қайд гирифта нашудаанд, зиндагӣ мекунанд.                  Бино ба гуфти намояндаи СММ оид ба корҳои муҳоҷират да ҶТ Иля Тодорович, баъди пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ ҶТ чун дигар кишварҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ макони пайдошавии ашхоси шаҳрвандинадошта гардид ва қисме аз инҳо худ ба худ шаҳрвандии давлатҳои нави мустақилро ба даст оварданд. Ҳоло шумораи муҳоҷирон аз дигар давлатҳо то рафт меафзояд. Бахусус ҳодисаҳои муташанниҷ шудани вазъи сиёсии Афғонистон боиси боз ҳам афзудани гурезаҳо ба Тоҷикистон гаштааст.

Октябрь 1, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд