АГЕНТӢ БЕКОРОНРО БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕКУНАД

Октябрь 9, 2009 17:08

                  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшоди Ҷонмард). — Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009 дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 35104 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардида, 6747 нафар ба омӯзиши касб ва 4469 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд. Ба 1572 нафар шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд дар ҳаҷми 3100557,5 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ва ба 1147 нафар дар ҳаҷми 764100,0 сомонӣ кӯмакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда шуд.                      Аз ҳама муҳим, дар ин давра 135280 ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ таъсис дода шуд, ки дар муқоиса ба нақшаи асосии барнома 41,7 фоиз зиёд буда, 75,1 фоизро аз дурнамо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Ин аз нишондоди ҳамин давраи соли 2008- 54735 нафар зиёд мебошад.                   Дар ҳамин замина бо кор таъминкунии шаҳрвандони бекор низ тайи солҳои 2007-2009 аз 24562 то 35104 нафар афзудааст, ки ин афзоиш 42,9 фоизро ташкил медиҳад.                     Ҳамин тавр, нишондиҳандаҳои асосии солонаи барнома дар бахши касбомӯзӣ ба андозаи 80,3 фоиз, ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъият 67,2 фоиз, дастгирии онҳо дар рушди соҳибкорӣ 67,7 фоиз ва бокортаъминкунӣ 123,7 фоиз нисбат ба нақшаи асосии барнома (28378) таъмин гардиданд.                     Дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 499 ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд, ки ба 13202 нафар корҷӯён роҳхат барои бо ҷойи кор таъмин шудан ба муассисаю корхонаҳо доданд. Аз шумораи роҳхатгирифтагон 7589 нафар бо ҷойи кори доим таъмин гардиданд.                    Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, «Дар бораи Нақшаи муҳоҷирати дохил (ихтиёрӣ )-и аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамини кӯҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2008-2009» бояд соли ҷорӣ 710 оила ихтиёран кӯчонида мешуданд.                    Тайи давраи ҳисоботӣ 662 оилаҳои муҳоҷирони дохил (ихтиёрӣ) кӯчонида шуданд, ки дар муқоиса ба нақшаи солона 93,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамин давра аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ , шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба 357 сардорони оилаҳои муҳоҷирони дохил (ихтиёрӣ ) дар ҳаҷми 5355000 сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт гардид.                    Дар самти муҳоҷирати экологӣ бошад, тибқи Нақшаи перспективии кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 2005-2010 таҳти таъсири равандҳои экзогенӣ қарор доранд, бояд соли ҷорӣ 600 оила кӯчонида мешуд.                    Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, дар маҷмӯъ 528 оилаҳои муҳоҷирони экологӣ аз мавзеъҳои аз ҷиҳати экологӣ хавфнок ва аз мавзеъҳои зериобмонӣ кӯчонида шуданд.                   Дар нӯҳмоҳаи соли 2009 ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дархости 205 субъектҳои хоҷагидор барои гирифтани хулоса оид ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.                    Дар натиҷаи ташхис маълум гардид, ки субъектҳои хоҷагидор хоҳиш доранд 5802 нафар шаҳрвандони хориҷиро дар кишварамон бо кор таъмин намоянд. Ҳангоми гузаронидани ташхис вазъи бозори меҳнати дохили кишварро ба инобат гирифта, ба 4255 нафар мутахассисон шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолият намудан дар ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ дода шуд, ки аз он ҷумла: шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой — 2525 нафар, ҷумҳурии Туркия — 249 нафар, ҷумҳурии Исломии Афғонистон — 508 нафар, Федератсия Россия- 111 нафар, ҷумхурии Исломии Эрон-342 нафар, Ҷумҳурии Ҳиндустон — 135 нафар, Ҷумҳурии Ӯзбекистон-32 нафар, кишварҳои Европа-161 нафар, ҷумҳурии Қазоқистон-29 нафар, Ҷумҳурии Қирғизистон-29 нафар ва шаҳрванди Ҷумҳурии Ветнам-1 нафар, Аморати Муттаҳҳидаи Араб-1 нафар Ҷумҳурии Гурҷистон-3 нафар, ҷумҳурии Исломии Покистон-16 нафар, Сурия-4 нафар, Корея-80 нафар, Украина-20 нафар, кишвари Шри-Ланка-1 нафар, кишвари Канада-1 нафар, ИМА-7 нафар.                    Дар давраи ҳисоботӣ мақомоти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар миқёси ҷумҳурӣ тариқи 327 стенд, 210 тахтаи эълонҳо ба ниёзмандон оиди ҷойҳои кори холӣ маълумот пешниҳод намуд. Оид ба фаъолияти Агентии давлат ва мақомоти зертобеъ бошад, 197 маротиба дар радиои ҷумҳуриявӣ ва 323 маротиба тавассути шабакаҳои телевизионӣ барномаю эълонҳо сабт ва садо дода, 153 хабару мақолаҳо дар рӯзномаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ нашр гардиданд. 

Октябрь 9, 2009 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд