АГРЕГАТИ НАВБАТИИ НЕРӮГОҲИ НОРАК ТАҶДИД МЕГАРДАД

Октябрь 14, 2009 12:08

                 Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар заминаи тадбирҳо бобати таҷдиду модернизатсияи нерӯгоҳҳои энергетикии кишвар иваз намудани чархҳои агрегатҳои нерӯгоҳи Норак аз ҷониби Ширкати «Барқи тоҷик» идома дорад. Дирӯз тавассути таёраи АН – 124 «Руслан» чархи нави яке аз агрегатҳои нерӯгоҳи калонтарини кишвар – Норак аз Украина ба Душанбе интиқол ёфт.                  Бино ба гуфти сардори дафтари матбуоти Ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ, худи дирӯз интиқоли он аз шаҳри Душанбе ба нерӯгоҳ оғоз ёфт ва интизор меравад, ки имрӯз он ба макони таҷдиди нерӯгоҳ ворид мегардад.                  Бояд ёдовар шуд, ки таҷҳизоти мазкурро бо дархости Ширкати «Барқи тоҷик» дастгоҳсозони яке аз иттиҳодияҳои илмӣ — истеҳсолии шаҳри Сумаи Украина истеҳсол кардаанд. Энергетикҳои тоҷик чанд сол боз бо ин дастгоҳсозони украинӣ ҳамкории зич доранд. Бори дуюм аст, ки дар соли ҷорӣ аз иттиҳодияи илмӣ — истеҳсолии шаҳри Сума ба Тоҷикистон агрегатҳои нав барои модернизатсияи нерӯгоҳи барқи обии Норак фиристода мешаванд. Баъди иваз намудани агрегати навбатӣ иқтидори нерӯгоҳи Норак аз рӯи истеҳсоли умумии барқ дар соли ҷорӣ беш аз 12 фоиз зиёд мегардад.  

Октябрь 14, 2009 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад