АКНУН НОБИНОЁНАМ МЕТАВОНАНД БО КОМПЮТЕР КОР КУНАНД
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз, 13 октябр, дар бинои китобхонаи ноҳиявии Суғд ба номи Тошхӯҷаи Асирӣ бо дастгирии барномаи Иттилоотии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, муаррифии тифло-хона (хона барои нобиноён ва ё шахсоне, ки қобилияти биноияшон суст аст) баргузор гардид. Бо гуфти ҳамоҳангсози Барномаи Иттилоотӣ Мавзуна Абдураҳмонова «дар таърихи фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ин таҷрибаи нахустин аст, ки дар назди китобхонаи умумӣ, хона барои нобиноён ва ё шахсони қобилияти биноияшон сустбуда, пешбинӣ шудааст. Таҷҳизоти махсус ва таъминоти барномавӣ, ки аз компютерҳои дорои барномаи VIRGO-4, SUPER VARIO-40 ва мошина барои мутолиаи «Книголюб-компакт CD» иборат аст, имкон медиҳад, ки нобиноён ва шахсони қобилияти биноияшон суст имконияти баробари мутолиа кардан ва гирифтани маълумотро дошта бошанд». Тифло-хона барои нобиноён имконият фароҳам меорад, ки онҳо бо компютер сарукор намоянд, омода ва коркарди маводро омӯзанд, адабиётро мутолиа намоянд, аз маълумоти базавии гуногун, иттилооти электронӣ ва интернет бархурдор гарданд. Дар муаррифии мазкур намояндагон аз роҳбарияти фарҳангу маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳокимияти иҷроияи вилояти Суғд, намояндагон аз ташкилотҳои нобиноён, боғчаҳои кӯдаконаи махсусгардонидашуда, хонандагони интернатҳои махсуси шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва инчунин роҳбарони китобхонаҳо иштирок карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






