АНҶОМИ СИМПОЗИУМИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар Кохи Сомон Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», ки дар доираи Соли бузургдошти Имоми Аъзам 5 октябр оғоз шуда буд, идома ёфт. Олимони шинохта аз кишварҳои мухталиф роҷеъ ба мавзӯъҳои саҳми мактаби ҳанафӣ дар ташаккули илми ҳуқуқшиносӣ, хусусиятҳои фиқҳи ҳанафӣ, фиқҳи ҳанафӣ дар ҷаҳони муосир, таносуби имон ва ақл дар низоми арзишҳои таълимоти Имом Абӯҳанифа: ҷанбаҳои фалсафӣ ва ахлоқӣ, таносуби имом ва ақл дар андешаҳои Имоми Аъзам, ҳанафия ва илми калом ва Абӯҳанифа, ҳамчунин рушди таълимоти ахлоқию иҷтимоӣ дар Ислом маърӯза карда, масоли илмию динӣ ва ахлоқиву таҳамулпазирии осори Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро баррасӣ намуданд. Зикр гардид, ки Абӯҳанифа бо шикебоии хоси худ ва хунсардии тамом, ки аз сифоти барҷастаи ӯ ба шумор мерафт, тавонист, фиқҳи исломиро густариш дода, дар он боб ибтикороте эҷод кунад. Ӯ фиқҳи исломиро аз маҳдудият ва чаҳорчӯби аҳодис хориҷ гардонида, дар масири такомули худ қарор дод ва роҳро барои фуқаҳои баъдӣ, монанди Имом Шофеъ дар боби аҳкому масоил ва вазъи қавоиди усулӣ барои истихроҷи фурӯғи фиқҳӣ, ҳамвор намуд. Мактаби фиқҳи ҳанафӣ ва умуман риштаи ҳуқуқ дар Ислом ба дасти бузургтарин файласуфи ҷомеаи башарӣ ва донишмандтарин абармарди аҳди табаъатобиъин-Абӯҳанифа (р) поягузори гардидааст. Абӯҳанифа ва шогирдонаш дар он замон ба сурати бузургтарин академияи илми-таҳқиқотӣ ва шоистатарин маҷлиси қонунгузорӣ амал карда, бинои мазҳаби худро бар асоси шӯро ва ба таври дастаҷамъӣ гузоштаанд. Китоб, суннат, иҷмоъ ва қиёс асоси иҷтиҳодоти мазҳаб ва умуман фиқҳи аҳли суннатро ташкил медиҳанд. Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» бо шунидани гузоришҳои роҳбарони сесияҳои илмӣ ва қабули қарори Симпозиум ба кори худ анҷом бахшид. Мавриди ёдоварист, ки Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», ки бо ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи ду рӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе давом карда, дар он беш аз 500 нафар олимону донишмандон аз 50 кишвари олам иштирок намуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






