АВҶИ ФАЛАК

Октябрь 9, 2009 11:58

                  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – 8 октябр дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивал – симпозиуми байналмилалии «Фалак» расман ба кори худ оғоз кард. Дар маросими кушодашавии фестивал муовини Сарвазири мамлакат Руқия Қурбонова ва вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок доштанд.                    Дар фестивал – симпозиуми байналмилалии «Фалак» ансамбли давлатии «Фалак» — и назди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Давлатманд Холов, ҳайати эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ҳофизони шинохта Файзалӣ Ҳасанов, Ҷумъахон Сафаров, фалаксароёни Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳунарнамоӣ мекунанд. Бори аввал дар фестивал – симпозиуми «Фалак» меҳмонон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон ва Афғонистон иштирок карда, ҳунари фалаксароии худро пешкаши донандагони санъати боло мекунанд.                  Ҳамчунин дар доираи фестивал бо иштироки олимон, санъатшиносон ва донишмандони соҳаи фарҳанг аз Федератсияи Русия, ИМА, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон симпозиум таҳти унвони «Рушди жанри фалак: назария ва таърих» баргузор мешавад. Дар ин симпозиум аз ҷониби Тоҷикистон Фароғат Азизӣ бо маърӯзаи «Ҷузиётҳои анъанавии мусиқӣ дар фалак» баромад мекунад.

Октябрь 9, 2009 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд