АВВАЛИН КИТОБНОМАИ ОҲАНГСОЗ ЗИЁДУЛЛО ШАҲИДӢ БА ТАБЪ РАСИД

Октябрь 23, 2009 16:46

                 Душанбе, 23 октября. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Бо кӯшишу талошҳои директори Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ ва корманди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Ҷӯрабой Раҷабов китобномаи шарҳиҳолии оҳангсоз Зиёдулло Шаҳиди таҳти унвони «Зиёдулло Шаҳидӣ», ба муносибати чашни 95- солагии ин оҳангсози нотакрору маъруфи халқи тоҷик, ба табъ расид, ки он барои кушодани паҳлуҳои серҷабҳаи ҳаёту фаъолияти ӯ кӯмак мерасонад.                 Китобномаи мазкур аввалин кӯшишест, ки дар даврони сохибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зиндагиномаи Артисти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рудакӣ, оҳангсози машҳури тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ рӯи чоп омадааст.                Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, санаҳои муҳими зиндагиномаи оҳангсоз ва қисматҳои «Асарҳои Зиёдулло Шахидӣ» ва «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ» иборат буда, барои дарёфти маводи лозима бо кумакфеҳристҳо (алифбоии асарҳо ва ашхос ба забонҳои то-ҷикию русӣ) таъмин аст ва дар охир «Руйхати сурудҳои бачоп расидаи Зиё¬дулло Шахидӣ» замима гардидааст.                Муаллифи мақолаи муқадимавӣ, фарзанди оҳангсоз, номзади илмҳои филология Мунира Шаҳидӣ, хеле бамаврид дар китобнома қайд кардааст, ки «китобномаи шарҳиҳолии мазкур аз соли 1932 (аз синни 18- солагии охангсоз), яъне аз вақти оғози фаъолияти меҳнатии Зиёдулло Шаҳидӣ дар студияҳои радиои шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Сталинобод (ҳоло                Душанбе) шурӯъ мешавад. Вале қазоват бояд кард, ки эҷодиёти оҳангсоз чӣ гунна ташаккул ёфтааст ва кадом омилҳо ба он замина гузоштаанд. Аз ёддоштҳои худи устод бар меояд, ки ӯ сурудхонӣ ва омӯзиши ҳунари мусиқи-ро дар шаҳри Самарқанд, аз мактаби шашмақомхонони Ҳоҷӣ Абдулазиз оғоз кардааст. Баъдан ӯ дар студияҳои оҳангсозии шаҳри Душанбе ва Консерваторияи шаҳри Москва истеъдоди фитриашро сайқал додааст» ва баъ¬дан Мунира Шаҳидӣ суханашро идома дода менависад, ки «асарҳои устод Зиёдулло Шаҳидӣ… пайвандгари мусиқии классикии Осиёи Марказӣ ва Аврупо буда, ба намунаҳои мусиқии навини тоҷик ва фарҳанги мусиқии муосири чаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд…».                 Дар қисмати «Саҳнаҳои муҳими зиндагиномаи Зиёдулло Шаҳидӣ» хонанда бо факту далелҳои наву тоза ва ноаён шинос мешавад.                  Мутолиакунанда дар қисмати «Асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ»-и Китобнома бо зиёда аз 225 номгӯи асарҳои оҳангсоз ду опера ва пораҳо аз онҳо, даҳ асари симфонӣ, дувоздаҳ асари камеравию инструменталӣ, сенздаҳ мусиқӣ барои спектаклҳо (намоишномаҳо), мусиқӣ барои чор кинофилм ва сабтҳои телевизионӣ, ҳашт асари калони вокалию симфонӣ, ҳафт суйитаи вокалию хореографӣ, беш аз яксаду панҷоҳ суруд, таронаву романсҳои эҷодкарда ва мақолаҳои навиштаи Зиёдулло Шаҳидӣ маълумот пайдо кар¬да метавонад. Дар ин қисмат номгӯи дастнависи асарҳои ӯ, ки дар Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ маҳфуз мебошанд, низ пешкаш карда шудааст, ки ин ба фарогирии пурраи осор, таҳқиқу тарғиб ва интишори минбаъдаи онҳо дар байни донишандӯзон мусоидат менамояд.                Дар қисмати «Адабиёт дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Зиёдулло Шаҳидӣ» бошад, хонанда бо номгӯи 250 китобу мақола ва тақризаҳо низ нисбати оҳангсоз шинос мегардад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар кишвар кам оҳанг-созе монанди Зиёдулло Шаҳидӣ ёфт мешавад, ки нисбаташ чунин миқдор китобу мақола навишта бошанд.               Дар Китобнома унвони ҳамаи асарҳо ба забони аслу тибқи стандарти нав тасвир шудааст ва онҳо аз рӯи таърихи чопашон солшуморӣ (дар дохил аз рӯи алифбо) чобаҷо гузошта шудаанд.

Октябрь 23, 2009 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид