АЗ ИСТИФОДАИ БАРҚ МАҲРУМ МЕШАВАНД

Октябрь 5, 2009 12:00

                 Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шабакаи барқи ҷануби минтақаи Қӯрғонтеппа, бо сабаби напардохтани маблағи истифодаи барқ ду барқистифодабарандаи калонтарини минтақаи Қӯрғонтеппа – хоҷагии оби вилоят ва «Тоҷиказот» — и шаҳри Сарбанд аз гирифтани барқ маҳрум карда шуданд. Ба гуфти сардори шабакаҳои барқи ҷануби минтақаи Қӯрғонтеппа Азим Муҳиддинов, агар соли ҷорӣ аз моҳи октябр барқ аз рӯи лимит дода нашавад, зимистони соли 2010 норасоии барқ чун соли 2009 такрор хоҳад шуд.                 Чунон ки сардори дафтари матбуоти Ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, мутобиқи дастури ширкати мазкур тамоми корхонаҳои аз барқ қарздор пурра аз гирифтани барқ маҳрум карда мешаванд. Барқчиён ба он кӯшиш мекунанд, ки бештар аҳолиро бо барқ таъмин намоянд.                Дар масъалаи пойгоҳҳои обкашӣ бошад, муассисаҳои таъминоти барқ ба онҳо аз рӯи реҷаи муайян ва аз рӯи зарурат барқро таъмин хоҳанд кард.                 -Барқ ҳам маҳсулот аст ва ҳақи он чун дигар маҳсулот бояд пардохта шавад, — иброз дошт Нозирҷон Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».  

Октябрь 5, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд