АЗ РӮИ МЕЪЁР ДОДАНИ ОБИ ОШОМИДАНӢ

Октябрь 16, 2009 11:10

                Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти корхонаи обу корези шаҳри Кӯлоб ба сокинони шаҳр дар як шабонарӯз 2500 м3 оби ошомиданӣ дода мешавад. Сокинони шаҳр аз он изҳори норозигӣ доранд, ки ин миқдор об барои Кӯлоб барин шаҳри сераҳолӣ басанда нест.                 Ба гуфти сардори корхонаи обу корези шаҳр Сафар Мардон, ин миқдор об барои шаҳр корхона ва сокинони он басанда аст.                 Дар сурати ғайримақсаднок истифода шудани об, ки мардум боғу роғашонро ҳам бо оби софи истеъмолӣ обёрӣ мекунанд, пайдо шудани мушкилоти норасоии оби нӯшокӣ сарфи назар нест.                  Баъзе ташкилоту корхонаҳое, ки аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, сабабаш шартнома набастани онҳо бо идораи обу корези шаҳр аст,- мегӯяд Сафар Мардон.                Алҳол дар шаҳри Кӯлоб тибқи санадҳои расмӣ, қиммати 1 м3 оби нӯшокӣ барои хоҷагиҳои худмаблағгузор 66 дирам, корхонаю ташкилоти давлатӣ — 57 ва барои аҳолӣ 28 дирам муайян шудааст.                Маблағи пардохт нашудаи аҳолӣ, идораю корхонаҳо наздик ба 2 млн сомонӣ баробар аст, ки дар сурати саривақт пардохт нашудани он, мушкилоти таъмини об бештар хоҳад шуд.

Октябрь 16, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид