БӮҲРОН БО ҲАМА ҲИСОРОТАШ БОЗ ҲАМ БАРОИ МО ДАРС АСТ
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 7 октябр соли равон дар бинои марказии Бонки давлатии амонатгузории (БДА) Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси БДА «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов аз нишондиҳандаҳои фаъолияти нӯҳмоҳаи «Амонатбонк» маълумот дод. Ӯ қайд намуд, ки новобаста ба бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, фаъолияти сохторҳои «Амонатбонк» қаноатбахш аст. Даромади софи бонк то 1 октябри соли 2009 3,2 миллион сомонӣ, сармояи умумӣ 109 миллион сомонӣ ва активҳои бонк 623 миллион сомониро ташкил дод. Дар нишаст аз ҷониби хабарнигорон ва намояндагони ВАО ҷиҳати пардохти нафақаи аҳолӣ, пешниҳоди қарзҳо, ҳамкорӣ бо дигар донишкадаҳои молиявӣ ва чорабиниҳои пешгирии бӯҳрони молиявӣ пурсишу посухҳо сурат гирифт. Дар ҷавоб ба саволҳои рӯзноманигорон раиси бонк ҷиҳати рафъи оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ афзуд, ки «Бӯҳрон бо ҳама ҳисороташ боз ҳам барои мо дарс аст. Бо мушкилоти пешовардаи бӯҳрон мубориза бурда, мо шаклу усул ва роҳҳои нави фаъолиятро барои худ ихтироъ мекунем. Фақат азму иродаи қавӣ ва донишу малака метавонад моро аз он наҷот диҳад. Наҷоти ҳар як ташкилоту корхона аз фаъолияту кордонӣ ва масъулияти кормандони он вобаста мебошад».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






