БА БУҶЕТИ НОҲИЯ БЕШ АЗ 1 МЛН. СОМОНӢ МАБЛАҒ ВОРИД ШУД

Октябрь 27, 2009 10:16

                 Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба фаъолияти кормандони андози ноҳия баҳои хуб дод.                   Бино ба гуфти раиси ноҳияи мазкур Муҳаммадалӣ Очилдӣ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ воридоти андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 27, 3 фоиз зиёд гардида, нисбат ба нақшаи пешбинишуда 5 млн. 74 ҳазору 300 сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шудааст.                 Андозҳои маҳаллӣ дар ин муддат 101, 5 фоиз ва ё ба ҷои 19 млн. 854 ҳазору 700 сомонӣ, 20 млн. 141 ҳазору 700 сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақша 287 ҳазор сомонӣ зиёд аст.                   Дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ андози иҷтимоӣ ба ҷои 8 млн. 841 ҳазор сомонӣ 8 млн. 272 ҳазор сомонӣ ё худ ба андозаи 94 фоиз таъмин карда шуда бошад ҳам, аммо нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибучетӣ 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 27 млн. 650 ҳазор сомонӣ ба буҷет 29 млн. 319 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 1 млн. 668 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Октябрь 27, 2009 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад