БАРҚЧИЁН БА ЗИМИСТОН ОМОДА ШУДАНД

Октябрь 29, 2009 09:05

                Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои идораи шабакаи барқи ноҳияи Ҳисор, кормандони соҳа барои тайёр намудани дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ саривақт пешгирӣ ва бартараф намудани садамаҳои техникӣ ва омода намудани системаҳои барқдиҳӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2009 – 2010 чораю тадбирҳои зарурӣ андешиданд.                  Аз ҷониби кормандони шабакаи барқи ноҳия дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ зеристгоҳи трансформатори 40/10 кВт-аи шаҳраки Ҳисор, зерисгоҳи трансформатории 250/10 кВта дар деҳаи Ноҷии Боло, зеристгоҳи трансформатори 250/10 кВта дар деҳаи Кончӣ гузошта шуда, ҳамчунин 2 адад зеристгоҳи трансформатории тавоноияшон 400/10 кВта дар шаҳраки Ҳисор ба зеристгоҳи трансформатории 160/10 кВта иваз карда шуданд.                 Дар 20 деҳаи ноҳия трансформаторҳо таъмир капиталӣ карда шуда, барои зимистонгузаронӣ омода карда шуданд.

Октябрь 29, 2009 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид