БАЁНИЯИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Бино ба даъвати Президенти Федератсияи Россия Д. А. Медведев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон рӯзҳои 22-23 октябри соли 2009 бо боздиди давлатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо сарони ду давлат вазъ ва дурнамои инкишофи маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба робитаҳои Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар карданд. 1. Сарони давлатҳо аз сатҳи феълии ҳамкориҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд ва рағбати мутақобиларо ҷиҳати вусъатдиҳӣ ва тақвияти минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ, муттафиқӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаю судманди ҷонибҳо дар асоси принсипҳое, ки дар Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкориҳо ва кӯмаки мутақобила миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз таърихи 25 майи соли 1993, ҳамчунин дар Аҳднома дар бораи ҳамкориҳои иттифоқчигӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки ба асри XXI нигаронида шудааст, аз таърихи 16 апрели соли 1999, баён ёфтаанд, тасдиқ намуданд. 2. Президентҳо ба идома ва тавсеаи муколамаи миёни Тоҷикистону Россия дар сатҳи олӣ, табодули назари рӯшод роҷеъ ба масъалаҳои муҳими робитаҳои Тоҷикистону Россия ва сиёсати ҷаҳонӣ, ҷустуҷӯи муштараки ҳалли масъалаҳои падидоянда аҳамияти зиёд медиҳанд. Такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқию шартномавии дуҷониба, ҳамчунин фаъолона инкишоф додани ҳамкориҳои муштараки амалӣ миёни ҳамаи муассисаҳои алоқаманди Тоҷикистону Россия зарур дониста шуд. 3. Тарафҳо афзоиши бемайлони табодули мутақобилаи молро бо қаноатмандӣ таъкид намуда, ба тавсеаи минбаъдаи суръати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Россия аҳамияти принсипиалӣ медиҳанд. Сарони давлатҳо ба рушди ҳамкориҳо дар бахши обу барқ, ки ба манфиати тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ бархурдор аст ва намунаи барҷастаи он роҳандозии лоиҳаи бузурги сохтмони НОБ Сангтӯда-1 мебошад, аҳамияти бартаринок дода, алоқамандии мутақобиларо ба татбиқи дигар лоиҳаҳо дар соҳаи обу барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти иҷрои ҳатмии ӯҳдадориҳои ба душ гирифта, таъйид карданд. Ба эътибор гирифта шуд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳамчунин татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои гармидиҳию энергетикӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои иктишофии геологӣ бо иштироки ҶСК «Газпром», коркард ва ба истифода додани конҳои гази табиӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Сарони давлатҳо ба вазорату идораҳои дахлдори Тарафҳо супориш доданд, ки корҳои вобаста ба омӯзиши геологӣ ва азхудкунии конҳои гази табииро тезонанд ва истифодаи минбаъдаи истеҳсолии онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобила ба роҳ монанд. Тарафҳо аҳамияти мубрами рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои инноватсионӣ, ҳамчунин дар соҳаҳои анъанавии ҳамкориҳои дуҷониба дар металлургияи кӯҳӣ, бахшҳои сохтмонӣ, нақлиёт ва телекоммуникатсия, истеҳсоли маводи ғизоӣ ва коркарди дубораи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид доштанд. Президентҳо муътақиданд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия чун олати муассири ҳамкориҳои Тарафҳо дар рушду таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ нақши калидӣ дорад. Сарони давлатҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи нақши ҳамоҳангсози Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар татбиқи мувофиқатҳое, ки дар соҳаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба ҳосил шудаанд, таъкид намуданд ва ба ҳамраисони Комиссия дастур доданд, ки лоиҳаи Барномаи ҳамкории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро барои солҳои 2010-2012 омода созанд. Аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи байниминтақавӣ, таҳкими заминаи устувори ҳуқуқию шартномавии алоқаҳо таъкид гардид. Таваҷҷӯҳи хос ба мусоидати давлат ба раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи чорабиниҳои дигари амалӣ дар соҳаи кооператсияи истеҳсолӣ ва илмию техникӣ, роҳандозии алоқаҳо дар соҳаи бонкӣ зоҳир карда мешавад. Ҳамоишҳое, ки ҳар сол бо ташаббуси порлумонҳои ду кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон – Россия: тавони ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор мегарданд, намунаи мусбии ин гуна ҳамкориҳо мебошанд. 4. Тоҷикистону Россия майл доранд, то минбаъд низ ҳамкориҳоро дар соҳаи низомӣ ва низомию техникӣ ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ таҳким бахшанд ва ҷиҳати боло бурдани самаранокии ҳамкориҳо дар ин самтҳо кор гиранд. Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбию техникӣ дар мавриди истифодаи иқтидори корхонаҳои махсусгардонидашудаи коплекси мудофиавии Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ шуданд ва ба зарурати дар наздиктарин вақт ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории мутақобила ҳангоми ба кишварҳои сеюм содир намудани маҳсулоти таъйиноти ҳарбидошта, ишора карданд. 5. Президентҳо ҷанбаи бартариноки ҳамкориҳоро дар соҳаи гуманитарӣ, рушди тамосҳо миёни созмонҳо ва шахсияҳои соҳаи фарҳангу ҳунар, пажуҳишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма таъкид менамоянд. Тарафҳо омӯзиши забони русиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши забони тоҷикиро дар Федератсияи Россия ва омода кардани кадрҳои марбутаро барои таълим додани ин забонҳо дар муассисаҳои омӯзишӣ пуштибонӣ менамоянд. Идомаи ҳамкориҳои наздик дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони сатҳи баланд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги муштараки энергетикӣ, металлургӣ, истихроҷи маъданҳо ва дигар соҳаҳо иштирок мекунанд, мувофиқи мақсад дониста шуд. Аз ин хотир, Президентҳо аз оғози фаъолияти бахши Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе истиқбол мекунанд. Тарафҳо ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки баррасии масъалаи дар шаҳри Душанбе боз намудани бахшҳои Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишкадаи давлатии пӯлод ва хӯлаи Москваро идома диҳанд. Сарони давлатҳо минбаъд низ амалӣ намудани тадбирҳоеро, ки ба тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаҳои танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба тайёр кардани барномаҳо дар соҳаи муҳоҷират ва татбиқи амалии онҳо равона шудаанд, ҷонибдорӣ карданд. 6. Сарони давлатҳо, бо таъкид ба дидгоҳҳои мушобеҳ ва ё наздик дар мавриди масъалаҳои мубрами байналмилалӣ, роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳои созандаи дуҷониба дар сиёсати хориҷӣ, дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавии ҳамгиро: Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба хотири таҳкими сулҳу субот ва амният ба тавофуқ расиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷонибдории худро ба ҳадаф ва принсипҳои Ойинномаи СММ таъйид менамоянд. Ҷонибҳо СММ-ро, пеш аз ҳама Шӯрои амнияти онро, чун афзори муҳими умумии посдори сулҳ ва амнияти байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эътироф намуда, аз афзоиши нақши он дар ҳаллу фасли низоъҳои минтақавӣ, ҷилавгирии таҳдиду ангезаҳои нав пуштибонӣ мекунанд. Тарафҳо гузаронидани ислоҳоти дурусти СММ-ро ба мақсади боло бурдани эътибору муассирии он, тақвияти тавони вокунишҳо ба таҳдиду ангезаҳои нав ва дигар мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ, маъқул медонанд. Президентҳо дар робита ба таҳкими ИДМ табодули назар намуда, зарурати идомаи корҳоро дар мавриди такмили фаъолияти Иттиҳод дар асоси Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ барои татбиқи он, андешидани чораҳои муассир ҷиҳати инкишофи робитаҳои ҳамгироӣ ва кооператсионӣ дар чаҳорчӯби ИДМ таъкид менамоянд. Сарони давлатҳо кӯшишҳои фаъолонаи ҷонибҳоро дар робита ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, ҳамкориҳои муштараки самаранокро дар Шӯрои ҳамкориҳои гуманитарӣ ва Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мусбӣ арзёбӣ мекунанд. Тарафҳо нақши муҳими Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар масъалаҳои таъмини амнияти давлатҳои аъзо ва аҳамияти такмили ҳамоҳангиҳоро дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар чаҳорчӯби ин созмон таъйид намуда, алоқамандии мутақобиларо ба ташкил кардани қувваҳои дастаҷамъии зудамали СААД изҳор мекунанд. Аз ин лиҳоз, Тарафҳо саҳми пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россияро дар таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид менамоянд. Тарафҳо ба таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, иштироки он дар ҳалли масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони молию иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин оғози фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба андозаи омодагии онҳо аҳамияти муҳим медиҳанд. Тоҷикистон ва Россия ба ҳамкориҳои муштарак дар чаҳорчӯби СҲШ, ки механизми амалкунандаи таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ ва мусоидатгари инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни давлатҳои узви СҲШ ба шумор меравад, аҳамияти махсус зоҳир менамоянд. Тарафҳо ба натиҷаҳои нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Екатеринбург (июни соли 2009) ва ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ (октябри соли 2009, Пекин) баҳои баланд доданд. Тарафҳо аз ҳамкориҳои муштараки рӯ ба афзоиш дар мавриди мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояти муташаккили фаромарзӣ ва аз ҷилавгирии таҳдиду ангезаҳои нави дигар изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Аз нигоҳи Тарафҳо, таъмини воситаи муассири ҳамкориҳои зидди маводи мухаддир дар доираи СҲШ метавонад иқдоми муҳиме дар мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир, ки ба минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳони таҳдид мекунад, бошад. Муассисаҳои салоҳиятдори Тоҷикистону Россия, бо истифода аз таҷрибаи ҳосилшуда, ҳамкориҳои муштараки фаъол ва ҳамоҳангии корҳоро дар ин самтҳо ба хотири амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ идома медиҳанд. Президентҳо дар иртибот ба вазъи мураккаби Афғонистон, таҳдидҳое, ки аз қаламрави он кишвар бармеоянд, аз ҷумла таҳдиди маводи мухаддир, назарҳои мушобеҳи худро изҳор доштанд. Тарафҳо мӯътақиданд, ки барои бозгашти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳаёти осоишта зарур аст, то кумакҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри эътидоли ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон ва эҳёи иқтисодии ин кишвар сурат гиранд. Дар ин ҷода Тарафҳо зарурати татбиқи пай дар пайи мувофиқатҳое, ки дар рафти вохӯрии Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Россия дар ш. Екатеринбург 15 июни соли 2009 ва вохӯрии чорҷонибаи Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 июли соли 2009 дар ш.Душанбе ва ҳамчунин муқаррароти Барномаи амалиёти давлатҳои аъзои СҲШ ва Афғонистон вобаста ба мушкилоти мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккил, ки дар натиҷаи кори Конференсияи махсуси СҲШ доир ба Афғнистон дар ш.Москва 27 марти соли 2009 қабул гардида буд, таъкид намуданд. Сарони давлатҳо ба татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки дар Баёния ва Барномаи амалиёти давлатҳои аъзои СҲШ ва Афғонистон вобаста ба мушкилоти мубориза алайҳи терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккил, ки дар конференсияи махсуси СҲШ доир ба Афғонистон баён шудаанд, аҳамияти муҳим медиҳанд. 7. Сарони давлатҳо мӯътақиданд, ки марҳалаи кунунии рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар роҳи ҳамкориҳои муштараки муттафиқӣ, таҳкими муассири робитаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба хотири рушди ҳамаҷонибаи ҳар ду давлат, таъмини сулҳи пойдор, субот ва амният дар минтақа дурнамои хуб дорад. Президентҳо аз натиҷаҳои гуфтушунидҳое, ки дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва эътимоди баланд доир гардиданд, изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Мувофиқат шуд, то вохӯриҳои мунтазами дуҷониба дар сатҳи олӣ, ки чун омили муҳими таҳкими минбаъдаи муносибатҳои муттафиқона ва шарикии стратегӣ хидмат карда, ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мусоидат менамоянд, идома дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии ӯ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар Москва ба Президенти Федератсияи Россия Д.А.Медведев самимона изҳори ташаккур намуд. Роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Федератсияи Россия даъват ба амал овард, ки дар фурсати барои ӯ муносиб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди давлатӣ анҷом диҳад. Даъватнома бо камоли сипос пазируфта шуд. Мӯҳлатҳои боздидро ҷонибҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳанд кард. Президенти ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Федератсияи Россия Э. РАҲМОН Д. МЕДВЕДЕВ ш. Москва « 22 » октябри соли 2009