БОХТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Октябрь 13, 2009 14:20

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми волии вилояти Санкт – Петербурги Русия ба анҷом расид. Мутаассифона, варзишгарони тоҷик Рустам Азизов, Баҳодур Каримов, Муслим Бахтиҷамолов ва Шермуҳаммад Хоркашев дар муҳорибаҳои даври аввали мусобиқа ба мағлубият дучор омада, аз давом додани муҳориба маҳрум шуданд.                  Дар мусобиқаи мазкур дастпарвари варзиши тоҷик Мададӣ Нағзибеков, ки дар ҳайати дастаи боксчиёни Русия баромад мекард, ба гирифтани медали нуқрагӣ муваффақ гардид.                    М.Нағзибеков қабл аз ин, дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар ҳайати дастаи яккачини Тоҷикистон баромад мекард. 

Октябрь 13, 2009 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд