БУҶЕТИ ДАВЛАТИРО ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН БАРРАСӢ ДОРАНД
Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» имрӯзҳо дар Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, лоиҳаи Қонуни мазкур дар ҷаласаҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ва иттилоот, оид, ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният муҳокима гардиданд. Дар ҷаласаҳо зикр шуд, ки буҷети давлатӣ дар соли 2010 бояд баҳри беҳтар кардани вазъи хизматрасонӣ дар соҳаҳои тандурурстӣ, маориф, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани роҳҳои дохили кишвар ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар равона карда шавад. Ҳамзамон, аъзои Кумитаҳо бо таваҷҷӯҳ ба таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, бахусус ҷумҳуриамон хостори истифодаи самарабахши маблағҳои буҷавӣ аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ дар соли 2010 шуданд. Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» дар дигар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ идома дорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






