БУРДУ БОХТИ СОХТМОНЧИЁН

Октябрь 14, 2009 12:43

                  Душанбе, 14 октябри (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Айни замон 19 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Нақшаҳои генералии амалкунанда кор карда истодаанд. Нақшаҳои генералии шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ноҳияҳои Балҷувон, Ҳисор, Дарбанд ва Шаҳринав пурра таҳия шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, чунин қайд кард дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов. Ӯ ҳамчунин дар бораи бурду бохти агентии мазкур дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва нақшаву вазифаҳои он дар соли оянда маълумот дод.                   А.Комилов зикр кард, ки инчунин таҳияи Нақшаи генералии маркази шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонидани шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод карда шудааст.                   Таҳияи Нақшаи генералии маркази шаҳри Хоруғ, марказҳои ноҳияҳои Шуғнон, Тоҷикобод, ва Ҷиргатол идома дошта, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида анҷом хоҳанд ёфт.                    Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2009 дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 472938 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 81332 метри мураббаъ зиёд аст. Дар ҳамин муддат мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 15349 ҷойи хониш ва дармонгоҳ барои 470 ҷойи кат қабул ва истифода дода шудаанд»,-қайд кард дар хотима А.Комилов.

Октябрь 14, 2009 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд