ДАР БАДАХШОН НУРҲОИ КАЙҲОНИРО МЕОМӮЗАНД

Октябрь 31, 2009 11:49

                 Москва, 31 октябр (АМИТ «Ховар» АИР НОВОСТИ).- 30 октябр Шӯрои Федератсия Созишномаи давлатии миёни Тоҷикистону Русия оид ба таҳия ва фаъолияти маркази байналмилалӣ-тадқиқотии «Помир-Чакалтай» — ро ба тасвиб расонд.                  Раиси кумитаи палатаи кор бо давлатҳои ИДМ Шӯрои Федератсия Вадим Густов ҳуҷҷатро муаррифӣ карда иттилоъ дод, ки Созишнома аз ҷониби роҳбарони ҳар ду давлат соли 2008 дар шаҳри Душанбе имзо шудааст ва мақсад аз таҳия ва фаъолияти ин Марказ идомаи тадқиқоти нурҳои кайҳонӣ мебошад. Ин иншооти нодир ҳанӯз солҳои шӯравӣ дар баландии 4037 метр аз сатҳи баҳр бунёд шуда буд.                  Мувофиқи шартнома Маркази «Помир-Чакалтай» байналхалқӣ буда, дар он ҳам ҷониби Русия ва ҳам ҷониби Тоҷикистон баробар маблағ мегузоранд. Олимони Русия, Ҷопон, Полша, Бразилия, Боливия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ин Марказ ҷамъ оварда бо шароитҳои корӣ-техникӣ таъмин мекунад. Физикони кишварҳои дигар низ метавонанд аз ин Маркази дар ҷаҳон нодир истифода баранд.

Октябрь 31, 2009 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд