ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ НИШАСТИ ХАБАРӢ ДОИР ГАРДИД
Кӯлоб, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Давоми 18 соли охир барои харидорӣ намудани реактивҳо ва дигар таҷҳизоти таълимии лабараторияҳои химияю физикаи Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рудакии Кӯлоб аз ҳисоби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ ҷудо нагардида, устодон дарсҳои амалиро дар сатҳи зарурӣ гузаронида наметавонанд, гуфта шуд дар нишасти хабарии раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо намояндагони васоити ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб. Дар нишаст, инчунин қайд гардид, ки айни замон 311 нафар донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин гардидаанд, ки аксари онҳо тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд ва як қисми дигар аз ноҳияҳои дурдасти кишвар мебошанд. Вале шароити хобгоҳ ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар утоқҳои он қубурҳои ташноб ва оби ошомиданӣ нест. Ба суоли хабарнигорон дар бораи тайёри ба зимистонгузаронӣ ноиби ректор посух дод, ки ҳамаи синфхонаҳо шишабандӣ карда шуда, муҳаррики дизелӣ барои додани барқ дар ду бинои таълимӣ дар ҳолати зарурӣ омода аст. Имсол 30 нафар хатмкардагони донишгоҳ ба кор қабул карда шуданд, ки аксари онҳо дипломи аъло доранд, иттилоъ дод муовини ректор. Дар масъалаи бо ихтисоси худ ва мувофиқи роҳхат ба кор нарафтани хатмкунандагон раёсати донишгоҳ посух дод, ки дар ноҳияҳо ба онҳо шароит муҳайё карда намешавад. Роҳбарони ноҳияҳо ҳангоми қабули донишҷӯён тибқи квотаи президентӣ хеле фаъоланд, вале дар таъмини шароит барои омӯзгорони ҷавон саҳлангорӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ фаъолияти раёсати донишгоҳ ва давомоту донишазхудкунии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рудакии Кӯлоб нисбати ҳамин давраи соли гузашта беҳтар арзёбӣ гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






