ДАР ПОЙТАХТ 20 ИНШООТИ ҶАШНӢ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Октябрь 29, 2009 12:00

                   Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Дар остонаи 15-умин солгарди таҷлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе беш аз 20 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешавад. Ин иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорон пойтахт ба маблағи қариб 80 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.                    Мактаби нав барои 1300 ҷои нишаст дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, таъмири асосии кӯдакистони №36, азнавсозии мактаби №39, дегхонаи беморхонаи клиникии шаҳрии №5 бо иқтидори 6,4 Гкал, сехи хиштбарории Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо иқтидори 10 миллион дона дар як сол, таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр — кӯчаҳои Камонгарон, Н. Қарабоев, Бофанда, Мичурин ва Лоиқ Шералӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Душанбе дар маҳаллаи Машъал дар ҳаҷми 580 метри тӯлонӣ аз ҳамин қабил аст.                  Аз ҳисоби соҳибкорони пойтахт ба шаҳрвандон дар кӯчаҳои Пушкин, Н. Қарабоев, С.Айнӣ, Ҷомӣ, Ҳ.Шерозӣ ва Б. Ғафуров 6 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо масоҳати зиёда аз 25 ҳазор метри мураббаъ, ду нуқтаи фурӯши гази моеъ дар кӯчаҳои А. Қаҳҳоров ва Р. Набиев, Маркази маъмурӣ ва савдо дар кӯчаи Бухоро, 43 тӯҳфаи ҷашнӣ карда мешавад.

Октябрь 29, 2009 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд