ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Октябрь 10, 2009 10:02

                  Душанбе, 9 октябр (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров)- Дирӯз дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Нишасти матбуотиро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев бо сухани ифтитоҳи оид ба фаъолияти Суди Олӣ дар давоми 9 моҳи соли 2009 оғоз намуд.                  Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев иброз намуд, ки дар нӯҳ мохи соли равон ба ҳайси суди марҳилаи якум 57 парвандаи ҷиноятиро нисбати 153 шахс мавриди баррасӣ қарор дод, ки назар ба соли гузашта 10 адад зиëд мебошад. Аз ҷамъи парвандаҳои баррасигардида, 54 парванда нисбати 148 нафар бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ, 2 адад дар ҳаққи 4 нафар бо баргардонидан ба тафтишоти иловагӣ ва як парванда нисбати 1 нафар бо татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббидошта ҳаллу фасл гардиданд.                  Ба гуфтаи Нусратулло Абдуллоев, зиëдшавии парвандаҳои ҷиноятӣ назар ба ҳамин давраи соли 2008 аз ҳисоби ҷиноятҳои таҷовуз ба номус аз як ба панҷ ва одамкушӣ бошад, аз 17 то ба 23 ададро ташкил дод.                 Инчунин, аз 148 нафари маҳкумшудагон ба 146-тои онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла, нисбати 8 шахс ҷазои якумра, нисбати як нафар ҷарима ва ба як нафар ҷазои маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ таъин карда шудааст, гуфт Нусратулло Абдуллоев.Ҳамчунон аз рӯи шикоят чор парвандаи маъмурӣ оид ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардидаанд.                 Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 289 парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 427 нафар ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ 351 парвандаҳои гражданӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз онҳо 162 қарорҳои судӣ нисбатан тагйир додашуда, 79 санадҳои судӣ нисбати 108 нафар бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон намудани меъëрҳои қонуни мурофиавии ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазоҳои аз ҷиҳати сабуки ошкоро беадолотона буданашон бекор карда шудаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 21 санадҳои судӣ дар хаққи 37 нафар зиëд мебошад, гуфт Нусратулло Абдуллоев.                 Дар 9 моҳи ин давра ду ҷаласаҳои Пленум баргузор гардида, дар онҳо 14-адад қарорҳои тавзеҳотӣ-дастурӣ қабул шуда, ҳамчун санади меъëрии ҳуқуқӣ барои таъмини татбиқи якхелаи қонунҳо ва қабули қарорҳои қонунию асоснок аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судҳои ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард.      

Октябрь 10, 2009 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид