ДАР ТОҶИКИСТОН БА ҚОНУНШИКАНӢ РОҲ НЕСТ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баробари ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷ ва дар иншооти гуногуни Тоҷикистон фаъолият кардани шаҳрванди хориҷӣ хилофи қонунҳои умумибашарӣ нест, аммо баъзеҳо, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон гардида, бе қайд ва бе кортҳои иҷозат барои кор фаъолият ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, чун вайронкунандагони қоидаҳои буду бош ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Ҳангоми гузаронидани санҷишҳое, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон доир намуд, садҳо нафар шаҳрвандони хориҷӣ ғайрирасмӣ дар иншооти кишвар кору фаъолият дошта, ба даст афоданд. Масалан аз 450 нафар шаҳрвандони ба таври ғайриқонунӣ дар иншооти кишвар фаъолият дошта, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин буданд, барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар иншооти Тоҷикистон фаъолият мекунанд, баробари бо худ доштани шиноснома, корт барои иҷозат ба кор ва танҳо дар минтақаи ба қайд гирифташуда ҳуқуқи зиндагӣ ва корро доранд. Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҷаримаи шаҳрвандони хориҷӣ 1 млн. 22 ҳазору 738 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ворид намудааст.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






