ДАРВОЗАИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Октябрь 15, 2009 09:47

                Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2009 дар муносибатҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Латвия равзанаи нав кушода шуд.                Латвия яке аз давлатҳои бандарии аз ҷиҳати иқтисодӣ инкишофёфта ва дарвозае дар ҳамкориҳои нави иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд,- мегӯяд намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Латвия Муҳаммадаваз Саидов.                Солҳои охир муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Латвия марҳила ба марҳила беҳтар мегарданд.               Дар давоми чанд соли охир 90 ширкати Латвия ба Тоҷикистон ҷалб карда шудааст ва намояндагони ин ширкатҳо бо тамоми шароитҳои барои ҳамкориҳои тарафайн муфид аз наздик ошно гардиданд. Айни замон 10 ширкати латвиягӣ ба протоколи ҳамкорӣ имзо гузошта, барои амалӣ намудани нуқтаҳои алоҳидаи он корҳои дуҷониба суръат мегирад.                Дар доираи сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Рига се созишномаи байнидавлатӣ ба имзорасонида шуд ва созишномаи дигар ҳангоми ба Тоҷикистон ташриф овардани президенти Латвия Валдис Затлерс ба имзо расид.               Инҳо ҳуҷҷатҳои расмие мебошанд, ки амалан ба ҳамкориҳои минбаъда замина хоҳад шуд.  

Октябрь 15, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд