ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Мӯъминобод, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод тибқи фармони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ муташаккилона ҷараён дорад. Комиссарияти ҳарбии ноҳия подполковник Сӯҳроб Аҳмедов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки то ин ҷониб 18 нафар ҷавонон ба қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ равона гардида, аксари онҳо бо хоҳиши худ ба комиссарияти ҳарбӣ муроҷиат намуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ барои ҷалб намудани ҷавонон ба қувваҳои мусаллаҳ бештар ҷамоатҳои деҳоти Кулчашма ва Деҳибаланд пешсаф буда, нақшаҳои худро иҷро намуданд. С. Аҳмедов зикр намуд, ки дар натиҷаи санҷиши муоинаи тиббӣ 11 нафар ҷавонон аз ҳисоби бад будани вазъи саломатӣ ба ташхис равона карда шудаанд. Гуфта мешавад ҷавонони соли таваллудашон 1982 ва 1991 ба комиссарияти ҳарбӣ даъват гардида, дар якҷоягӣ бо падару модарон ба қисмҳои ҳарбӣ гусел карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






