«ДУШАНБЕ ПЛАЗА»-РО КӢ МЕСОЗАД?

Октябрь 15, 2009 17:18

                 Душанбе, 15 октябяр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷ-Турк- иншоот» ғолиби тендери сохтмони иншооти Маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» шуд. Ширкати мазкур пудратчии сохтмони иншооти «Душанбе-Плаза» гардида, онро ба маблағи 99 миллион сомонӣ (зиёда аз 22 миллион доллар) дар хиёбони Рӯдакӣ, буриши кӯчаи Бухоро бунёд месозад.                   Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд, ки тибқи он Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгари иншооти «Душанбе плаза» ваколатдор карда шудааст, ки мутобиқи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Тоҷ-Турк -иншоот» шартнома ба имзо расонад.                Ҳамзамон, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки пешпардохти арзиши корҳои сохтмони-васлкунии иншооти мазкурро дар соли 2009 тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе аз ҳисоби бақияи маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе таъмин намояд.                Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов ва Маъруф Сайфиев вогузор карда шудааст.

Октябрь 15, 2009 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд