ДУЗДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ТОРАФТ КАМ МЕШАВАД
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Аз рӯи маълумоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи мақомоти муҳофизи қонун дар миқёёси мамлакат миқдори ҳодисаҳои дуздӣ меафзояд. Хабар дода мешавад, ки миқдори ҷиноятҳои вобаста ба дуздӣ аз ҳисоби қонуншиканиҳои иқтисодӣ зиёд мегардад. Илова бар ин қисми зиёди чунин ҷиноятҳо хусусияти қаллобӣ доранд. Аз аввали сол то имрӯз дар миқёси мамлакат 2635 ҳодисаи дуздии амволи шахсӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, шабонарӯзи гузашта 7 нафар ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи дуздии моликияташон аризаи шикоятӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ шаш ҷиноят фош карда шуд. Дар дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 2635 ҳодисаи дуздии бақайдгирифташуда 2006 ҳодисаи дуздӣ сари вақт фош карда. дуздон ҷазо дода шуданд. Ин нисбат ба натиҷаи солҳои гузашта хеле зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки миқдори ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи дуздӣ дар Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ хеле кам аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1 октябр Тоҷиддин Алиеви 15 — соларо дастгир намуданд. Ӯ дастгоҳи навтарини компютер (новтбук) ва дастгоҳи аккосии тамғаи «Канон» — и донишҷӯи соли 4 – уми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Умед Шарифовро 24 сентябр аз мошини сабукраваш дуздидааст. Қайд карда шуд, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






