Э. РАҲМОН ДАР ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИСМОИЛИЯИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ИШТИРОК НАМУД
12 уми октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуд. Маросими ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилия бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони — 4 баргузор гашт.Дар маросими мазкур ҳамчунин масъулини зиёд аз Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ва як зумра пайравони шохаи исмоилияи дини Ислом иштирок намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, ифтитоҳи маркази фарҳангии исмоилияро дар Тоҷикистон, ки нахустин чунин марказ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва 5 — умин дар ҷаҳон аст, ба онҳо табрику таҳният гуфт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон кушода шудани маркази исмоилиёнро нишонаи возеҳ аз пайравӣ ба фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва гуногунрангӣ, ки дар таълимоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа мақоми марказӣ дорад, маънидод кард. Ҳамчунин таъкид гардид, ки «ҳамаи мову шумо як Парвардигор, як Пайғамбар ва як Қуръон дорем ва дар зиндагии рӯҳонии ҳаррӯзаамон ҳамчун мӯъмин фармудаҳои онҳоро ба ҷо меорем. Аз ин лиҳоз, пайравони исмоилия низ бояд чун ҳамеша дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин ва азизтарини онҳо ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм фаъолона саҳм гузоранд». Хотирнишон карда шуд, ки «мо ҳамчун миллати талхии ҷанги шаҳрвандиро чашида муҳимтар аз ҳама бояд сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт ва ҳифз кунем ва танҳо дар доираи Конститутсия ва қонун амал намоем». Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озодона риоя ва иҷро намудани расму оини миллию мазҳабӣ ва таъмин гаштани дигар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро аз самараҳои неку фараҳбахши истиқлоли давлатии кишвар ва оромию суботи ҷомеа арзёбӣ намуда, бори дигар ҳамагонро ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои замони муосир, фазои сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ ҳидоят намуд. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони — 4 низ дар навбати худ аҳли нишастро бо ин рӯйдоди муҳим табрику таҳният гуфта, вуҷуди фарҳангҳо ва расму ойини гуногуни мардумони мусулмонро аз фазилатҳои олами Ислом маънидод кард. Зимни шиносоӣ бо тарҳу намои дохилии бинои маркази фарҳангии исмоилиён, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо тарзу усулҳои бостонию муосири меъмории тоҷикӣ бунёд шуда, сақфи утоқу толорҳо бо чӯбкории хоси тоҷикони Бадахшон оро ёфтааст. Бунёди ин марказ, масҷиду чойхонаҳои боҳашамат ва дигар иншооти фарҳангӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон имрӯз ба назар мерасанд, намунаҳои возеҳи эҳё гаштани фарҳанги шаҳрдорию биносозӣ ва меъмории тоҷикон, ки таърихи чандҳазорсола дорад, арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






