ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ КЕННЕТ ГРОСС ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс эътимоднома қабул намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо сафири нав, ки баъди маросими қабули эътимоднома сурат гирифт, аз «авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон» будани муносибот бо Амрикоро таъкид намуд. Кеннет Гросс изҳор дошт, ки «сафорати Амрико баҳри тавсиаи бештари ҳамгироии ду кишвар ва истифода аз имкону захираҳои фаровон ҷаҳду кӯшиш ба харҷ медиҳад». Аз сатҳи ҳамкории сиёсиву амниятии ду кишвар ва судоварии робитаҳои мустақими миёни сохторҳои дипломатӣ, низомӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон бинобар нақши муҳимаш дар таъмини амнияти минтақавӣ ба кӯмакҳои бештари Амрико ва дигар кишварҳою созмонҳои мададрасон ниёз дорад. Зикр гардид, ки сармоягузории васеъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла баҳри азхуднамоии захираҳои гидроэнергетикии он метавонад ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва кулли минтақа низ суди зиёд оварад. Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, маориф ва илму техника ҳам таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд. Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






