ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БЕШ АЗ 10 ҲАЗОР МАҲКУМШУДАГОНРО АВФ МЕКУНАД

Октябрь 27, 2009 15:50

                 Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- 26 октябр, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Оид ба афв»-ро, ки ба 15-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа ибн Собит бахшида шудааст пешниҳод намуд.                 Аз дафтари матбуоти сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки лоиҳаи қонун аз 25 модда иборат буда, ба гурӯҳи муайяни маҳкумон ва шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятияшон дар баррасии огранҳои тафтишоти ибтидоӣ ва судҳо қарор дорад равона шудааст.                 Қонуни мазкур аз рӯи ҳисоботи пешакӣ нисбат ба 10 ҳазор нафар маҳбусон татбиқ мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба афв» нисбати шахсоне, ки то қабули қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд татбиқ карда мешавад.

Октябрь 27, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад