ФАКУЛТАИ НАВ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

Октябрь 22, 2009 10:59

                Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). – Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Ҳайбулло Латифов дар нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти нӯҳмоҳаи Кумита изҳор кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 168 ҳодисаҳои офати табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 44 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок шуданд. Ҳамчунин бар асари офатҳои табиӣ ба 2500 хонаи истиқоматии шаҳрвандон зарар расонида шуд, ки аз ин шумора 500 хона пурра валангор гардидааст.                 «Хисороти молӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз офатҳои табиӣ 99 252 700 сомониро ташкил медиҳад, ки назар ба соли гузашта 12 миллион сомонӣ зиёд мебошад» — гуфт Ҳ.Латифов.                   Айни ҳол дар Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2014» факултаи алоҳидаи «Мудофиа дар ҳолатҳои фавқулодда» кушода шуда 27 нафарро ба таҳсил фаро гирифтааст.  

Октябрь 22, 2009 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид