ФАЪОЛИЯТИ 9 МОҲАИ ГЕОЛОГҲО ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Октябрь 7, 2009 09:11

               Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Геологҳои тоҷик баробари корҳои иктишофӣ дар соли 2009 аз рӯи 34 лоиҳа ба маблағи 2 млн. 833 ҳазору 741 сомонӣ ё худ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 млн. 89 ҳазору 209 сомонӣ зиёд иҷро намуда, аз рӯи 52 лоиҳаи иловагӣ дар ҳаҷми 4 млн.521 ҳазору 119 сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 1 млн. 497 ҳазору 624 сомонӣ зиёд корҳоро иҷро намуда, суръати афзоишро ба 150 фоиз расониданд.               Музди меҳнати геологҳои тоҷик ҳам дар соли 2009 нисбат ба порсола 92 сомонӣ зиёд шуд.                  -Саридора корҳои шартномавиро дар иншооти кони маъдани «Зарафшон», нерӯгоҳи барқии «Роғун», ҶММ кони маъдани «Анзоб» ва боз даҳҳо иншооти дигар ба анҷом расонид,- иброз дошт сардори Саридораи геология Азим Иброҳим ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар ҳангоми баргузории конфронси матбуотӣ.  

Октябрь 7, 2009 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд