ФОРУМИ ТАРҶУМОНҲО
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Донишмандони тоҷик Ҷӯрабой Шарипов, Абдувалӣ Давронов ва Ато Ҳамдам дар форуми сеюми тарҷумонҳо ва ноширони давлатҳои ИДМ ва назди Балтик иштирок доранд. Форум 7 октябр дар пойтахти Арманистон таҳти унвони «Тарҷума, таҷриба ва талаботи бозор; ҳамкории адабиётҳои миллӣ» бо иштироки зиёда аз 150 нафар адибон, адабиётшиносон ва тарҷумонҳо оғоз ёфт. Дар доираи форум баргузории якчанд намоишгоҳи китоб дар назар дошта шудааст. Нашриёти «Ирфон» дар ин намоишгоҳи китоб намунаҳои нашриёти Тоҷикистонро аз ҷумла намунаҳои тарҷумашударо пешкаш мекунад. Форум се сол инҷониб дар Ереван баргузор мешавад. Дар ин муддат ба тарҷумонҳои давлатҳои ИДМ муяасар шудааст, ки Иттифоқи байналхалқии тарҷумонҳоро таъсис диҳанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






