ГУФТУГӮИ РӮ БА РӮ БО РАИСИ ШАҲР

Октябрь 3, 2009 09:50

                  Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади шиносоии бештар бо ҳолу аҳволи сокинон, ҳаллу фасли оҷилии масъалаҳои ҳаётан муҳим ва ба омма расонидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар мавриди пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, инчунин тарғиби ғояҳои ояндабинонаи Президенти кишвар мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов бо сокинон баргузор мегардад.                Иштирокчиёни мулоқот натанҳо бо масъалаҳои шахсӣ аз раиси шаҳр дархост ба амал меоранд, балки онҳо бештар ба масъалаҳои шаҳрдорӣ, тозагии муҳит, ободонии маҳалҳо, имкониятҳои рушди иқтисодиёт, ба кор даровардани иқтидорҳои бозмондаи истеҳсолии корхонаҳои қаламрави шаҳр ва дар ин замина имконияти бештар фароҳам овардан барои ба кори фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб кардани захираҳои озоди меҳнат ва муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷи кишвар баргашта, ҳамчунин беҳдошти вазъи соҳаҳои фарҳангу маориф, нигаҳдории тандурустӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.                  Мавриди ёдоварист, ки то имрӯз Содиқҷон Мирхолиқов бо аҳли маҳаллаҳои «Хуҷанд», «Чорчароғ», «Масҷиди сурх», «Тути калон», «Инқилоб», «Шарқ», «Сирдарё», «Сайҳун», инчунин маҳаллаҳои ба номи Қорираҳмат Қурбонов, ба номи Содирхон Ҳофиз, минтақаҳои истифодаи манзили рақамҳои 4, 6 ва 8 мулоқот орост.

Октябрь 3, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид